Бонки миллӣ: қурби асъори миллӣ устувор мемонад

Август 24, 2015 03:13

Душанбе, 24.08.2015, (АМИТ «Ховар»). — Давоми рӯзҳои охир дар баъзе сомонаҳои иттилоотии мамлакат дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронида шудани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз поин рафтани қурби тенге хабару гузоришҳо нашр шуданд, ки гӯё дар бозори асъори нақди Тоҷикистон бинобар паст шудани қурби тенге ба истилоҳ “асабоният” ва “нофаҳмиҳо” пайдо шуда бошад.   Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ дод, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд. 
    Тавре маълум аст, рӯзҳои охир вазъи қурби юани Хитой, рубли русӣ ва бархе аз асъори дигари дунё  ба тағйироту лаппишҳои бозори асъор  рӯ ба рӯ  шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо паст шуданд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Қазоқистон истисно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт.     
    Дар робита ба хабарҳои охир, ки баъзе аз онҳо, мутаассифона,  оҳанги ҳангомаомез низ доранд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти  назорат қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар пойтахт ва  минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шуъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъорро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт. 
    Қайд кардан бамаврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаи хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо фаъолият дошта, ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд. 
    Бонки миллии     Тоҷикистон ба масъалаи вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бозори ғайринақдии асъорро дар айни ҳол пурра бо асъор таъмин кардааст ва муштариёни бонкҳо метавонанд бо осонӣ талаботи асъории худро қонеъ гардонанд. 
    Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода будем, созишномае, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Хитой оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо мерасонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад. 
    Ва ниҳоят, бо боварӣ метавон гуфт, ки сатҳи муътадили захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ва имкониятҳои васеъи бонк, ки дар ҷодаи ҷалби маблағҳо ва сармоя аз шарикони байналмилалӣ дорад, ба пешбурди сиёсати мустақили қурбиву монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.  

 

Август 24, 2015 03:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд