Бунёди корхонаҳои нав дар Турсунзода

Август 25, 2015 12:48

Турсунзода, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).- Ду корхонаи нави истеҳсолӣ дар ҷои собиқ корхонаи чинибарории шаҳри Турсунзода арзи вуҷуд кард. Корхонаҳои мазкур пайваста фаъолияташонро васеъ менамоянд. Аз ҷумла коргарони корхонаи ҶДММ «Вежа», ки ба истеҳсоли хиштҳои сохтмонӣ, хиштҳои ба оташтобовар ва тахтасангҳо машғуланд, мақсад доранд, ки истеҳсоли хиштро ба як миллиён дона расонанд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли зарфҳои сафолӣ, аз қабили табақ, гулдон, чойникҳои барқӣ ва ғайра низ машғул аст.  Навад фоизи ашёи хоми истеҳсолиро ин коргоҳ аз ҳудуди шаҳри Турсунзода мегиранд
Илова бар ин дар шафати корхонаи мазкур, корхонаи нави дигар барои истеҳсоли доруҳои табобатӣ арзи ҳастӣ кард, ки дар рӯзҳои наздик ба кор оғоз хоҳад намуд. Бо оғози фаъолияти корхонаҳои  зикргардида, беш аз 300 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

 

Август 25, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд