Чорабиниҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодашудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ дар беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои санҷишию профилактикӣ гузаронида шуд.
Зимни ин чорабиниҳо, ҳуҷраҳои кории ҳизбҳои сиёсӣ- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар рафти санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда муҷҷаҳаз гардонида нашудааст, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ ба қоидаҳои дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд.
Зимни гузаронидани чорабинии мазкур ҳуҷраҳои кории Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ бо воситаҳои аввалин дараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашуда, бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷҷаҳаз нестанд.
Бо масъулини ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя намудани қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбатҳо гузаронида шуда, дастурҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Гурӯҳи мазкур кори худро дар корхонаю иншооти ҳудуди шаҳри Душанбе идома дода, аз ҷумла ҶДММ «Бозори Корвон», КВД «Бозори Шоҳмансур», ҶДММ «Умед-88», ҶДММ «Нефтемаркетинг Восток», КВД «Бозори Саховат», бозори Якка-Чинор, марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», «Душанбе-Шанхай», бозори «Варзоб», КВД «Бозори Деҳқон», бозорҳои «Шому Саҳар», «Авиатор», 102, 103, «Зарафшон», «Қарияи Боло», маркази савдои «Фаровон» ва дигар иншоотҳои хоҷагии халқро аз санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳои профилактикӣ дар иншооти санҷидашуда, як қатор камбудию норасогиҳо ошкор гардиданд, ки ба унвони роҳбарони онҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта амрнома ва санадҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод гардиданд.
Дар баробари ин, барои иҷро ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 43 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






