Дар Чин бар асари обхезӣ 60 нафар бедарак шуд

Август 13, 2015 10:14

Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Шанлои музофоти Шэнсии Чин бар асари боришоти зиёд ва обхезиву фуромадани ярч 60 нафар бедарак гаштааст. 
Бино ба иттилои хабаргузориҳо, ҳоло амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои дарёфти онҳо идома дошта, истиқоматкунандагони минтақаи офати табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд. 

 

Август 13, 2015 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш