Диишиҳо ба кӯдакон қатлу куштор меомӯзанд

Август 26, 2015 06:10

Душанбе, 216.08.2015. (АМИТ «Ховар»,)-Интишори  як навори видеоӣ аз як кӯдаки диишӣ  дар ҳоли сар буридани лухтаки хирсии худ дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  ҷанҷолҳо барангехтааст. Дар ин видео кӯдаки хурдсол дар ҳоле, ки монанди террористҳои ДИИШ либоси ба онҳо монанд бар тан дорад, муқобили парчами ин гурӯҳ қарор гирифта, лухтаки хирсии худро сар мебурад. Гурӯҳи террористии ДИИШ бо нишон додани тасвирҳои видеоии даҳшатнок аз саҳнаи сарбурӣ дар урдугоҳҳои омӯзишӣ тарзи сарбуриро ба кӯдакон меомӯзанд. 
Ба гузориши «Ассошиейтед пресс», ДИИШ бо додани ҳадя ва ё таҳдид ва шустушӯи мағзӣ кӯдакон ва навҷавононро дар минтақаҳои зери  ихтиёр доштаи Сурия ва Ироқ ба хидмат мегирад. Дар ин гузориш омадааст, ки дар минтақаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ террористҳо барои кӯдакон маросимҳои сарбозӣ баргузор менамоянд, ба онҳо нӯшокӣ ва шоколадҳо медиҳанд. Дар ҳамин ҳангом дар ҳуҷраҳои хиёбонӣ ба онҳо тасвирҳои видеоӣ намоиш дода, дар ниҳоят навъи буридани сарро ба тамом ба онҳо нишон медиҳанд.

Август 26, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд