Дилшод Назаров бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардид
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва варзишгари маъруфи кишвар, ки нахустин шуда, ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио де Жанейраи Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардидааст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, хизматҳои раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев бо ордени Дӯстӣ қадр гардид.
Сарояндаи Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови ноҳияи Ҳисор Маҳмадсаид Аҳмадов сазовори унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дониста шуд.
Бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич, директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотӣ “Донишкадаи энергетикии Москва” дар шаҳри Душанбе сарфароз гардид.








Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






