Доктор Абдулбасир Анвар: «Тағйири оҳанги ҷанг дар Афғонистон ба назар мерасад»

Август 19, 2015 05:59

Дар ин бора дар мусоҳиба бо хабарнигории АМИТ «Ховар» вазири адлияи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдулбасир Анвар изҳор дошт.
Душанбе, 19.08.2015.(АМИТ «Ховар»).- Тавре иттиллоъ дода будем, дар Душанбе машварати вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, бо иштироки намояндагон аз давлатҳои нозир ва шарикони СҲШ баргузор гардид, ки дар кори он вазири адлияи Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Абдулбасир Анвар иштирок ва суханронӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар қатори давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Муғулистон дар ин созмони минтақавӣ ҳамчун давлати нозир шомил мебошад. 
Баъд аз анҷоми машварати вазирони адлия доктор Абдулбасир Анвар ба саволҳои хабарнигор АМИТ «Ховар» ҷавоб дод.
АМИТ «Ховар»: Омаданатон ба Душанбе ва иштирокатон дар ҷаласаи сеюми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай хуш бошад. Нақши СҲШ-ро дар ҳалли мушкилоти геополитикии минтақа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Доктор Абдулбасир: Ташаккур! Созмони ҳамкории Шанхай дар иттиҳоди тавозуни қудратҳои байналмилалӣ таъсири мусбат дорад ва ҷаҳонро аз якқутбӣ метавонад, наҷот диҳад. Ҳамкории ин кишварҳо, ба шарте, ки қадри умумият пайдо кунад, ҷиддият пайдо кунад, дар ҳалли хеле қазияҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонунӣ дар дунё, хосатан дар минтақа, асари мусбат хоҳад дошт.    
АМИТ «Ховар»: Дар ҷаласаи имрӯзаи вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таъкид кардед, ки Ҷумҳурии исломии Афғонистон хоҳони ҳар чи зудтар пазируфта шудан ба ҳайати ин созмон мебошад.
Доктор Абдулбасир: Бале, воқеан ҳам чунин аст. Ин орзумандии Ҷумҳурии исломии Афғонистон аст. Дар конфронси қаблии Созмон, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар кори он иштирок дошт, ин тақозоро аз созмон карда буд.
АМИТ «Ховар»: Метавон гуфт, ки мамлакати Шумо бо шомил шудан ба ҳайати созмон мехоҳад мушкилиҳои худро муштаракан бо кишварҳои ҳамсоя ва некхоҳи Афғонистон бартараф кунад?
Доктор Абдулбасир: Комилан ҳамин тавр аст. Аслан, метавон гуфт, ки Афғонистон қурбонии мудохилоти берунӣ гаштааст. Шумо бубинед, дар шимоли Афғонистон як гурӯҳ террористон ба ин хотир ҷо дода шудаанд, ки дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай фитна ва ошӯб эҷод кунанд. Ба ин хотир ҳамкории ин созмон бо Афғонистон асари хеле мусбат хоҳад дошт, дар сурате, ки онҳо ба ин хатар мутаваҷҷеҳ бошанд ва бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳо ҳамкорӣ дошта бошанд. Мо ҳам аз ин хатарҳо ва роҳҳои бартараф кардани онҳо дар ин ҷаласа ёдоварӣ кардем.
АМИТ «Ховар»: Шумо, ки худ аз вазъи қисмати шимолии Афғонистон ҳарф задед ва Тоҷикистон ҳам бо ин қисмати Афғонистон ҳамсарҳад аст, беҳтар мебуд, агар чанд сухан аз вазъият дар қисмати шимолии Афғонистон мегуфтед.
Доктор Абдулбасир: Дар ин қисмат, дар баъзе аз улусволиҳо, як идда террористон мехоҳанд ба назму амният халал ворид кунанд, манотиқи озод аз ҳукуматиро, дар ихтиёри худ дошта бошанд, то ҳар чи бихоҳанд, дар он ҷо кунанд. Вале давлати Афғонистон ва қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо охирин тавонмандӣ манотиқи худро аз онҳое, ки мехоҳанд дар он ҷо қарор дошта бошанд ва халал дар амн ворид кунанд, озод мекунад, намегузорад, ки онҳо дар он минтақаҳо нуфуз пайдо кунанд. 
АМИТ «Ховар»: Афғонистон тавони истодагарӣ кардан ба муқобили хатарҳои сарзадаро дорад?
Доктор Абдулбасир: Шумо медонед, ки ҷангҳои чирикӣ метавонад, ки як муддат амнияти кишварро халалдор созанд, як муддат, на бештар аз он. Ҳукумати Афғонистон қодир аст, ки онҳоро саркӯб кунад.
АМИТ «Ховар»: Дар бораи фаъолияти гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» чӣ гуфта метавонед, чун хабарҳо ҳаст, ки дар кишвари Афғонистон ҷанговарони ин гурӯҳи террористӣ пайдо шудаанд.
Доктор Абдулбасир: Ҳеҷ гурӯҳе аз пайравони онҳо дар Афғонистон пайдо нашудааст. Умуман, касоне, ки ҷангро дар Афғонистон ташвиқ мекунанд, мехоҳанд майдонҳои ҷангии ҷадид барояшон эҷод кунанд. Ҳамон афроде, ки аз миллиятҳои мухталиф дар Афғонистон, собиқ таҳти номи «Толиб» ва ё «Ал-қоида» ҳузур доштанду ноамнӣ эҷод мекарданд, байрақи сафеди худро сиёҳ карданд. Чизе дигар нашуда аст. Инҳо ҳамон толибон ва ҳамон миллиятҳои мухталиф, ки ба номи «Ал-қоида» буданд, ҳамонҳо ҳастанд. Чизе ба номи ДИИШ дар Афғонистон аслан вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат тағийри оҳанги ҷанг дар Афғонистон ба назар мерасад.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед, вазъи сиёсӣ ва фазои динии онро чӣ гуна баҳо медиҳед?
Доктор Абдулбасир: Мо орзу дорем, Худо хоста бошад, Тоҷикистон беҳтар аз ину бештар аз ин тараққиву инкишоф ёбад. Ман Тоҷикистонро кишвари босуботу боамн ёфтам ва фазои динии онро низ қобили қабул дидам.

 

Август 19, 2015 05:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад