Файзобод: Беш аз 200 ҷойи нави корӣ

Август 11, 2015 09:43

Файзобод, 11.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар мақомоти шуғли аҳолии ноҳияи Файзобод 421 нафар шаҳрвандони корҷӯй  ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора  171 нафарашон занҳо мебошанд. 
Дар нимсола ташкилоту  корхонаҳои ноҳия 270 ҷойи нави корӣ  пешниҳод кардаанд, ки 116 нафар корҷӯён аз рӯи касбҳои муҳосибӣ  ва ниҳолпарварӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб  шуда, ба 43 нафар шаҳрвандони бекор, ки дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ меистанд, дар ҳаҷми 15500 сомонӣ кӯмакпулӣ ва ба 47 нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Ҳамчуниндар ин давра 80 нафар корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд.

 

Август 11, 2015 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш