Фермерҳои голландӣ аз Тоҷикистон боздид менамоянд

Август 20, 2015 05:14

    Душанбе, 20.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз даҳ ширкати бузурги аграрии голландӣ, дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон-Голландия, ки моҳи октябр дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд.
    Назар ба иттилои Мукаммал Одинаева, сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар, дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Голландия масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди  иқтисодию тиҷоратии ду кишварро дар бахши аграрӣ: чорводорӣ, паррандапарварӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, воридоти технологияи муосири кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соири масоили тавсеаи ҳамкориҳо баррасӣ менамоянд. 
  Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон-Голландия бо ибтикори Палатаи савдо ва санотаи Тоҷикистон,  дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мусоидати Сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон гузаронида мешавад.
Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Голландия дар бахши кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар заминаи он таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз се ҳадафи  стратегии Хукумати мамлакат аст, аз мақсадҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд. Интизор меравад,ки доираҳои тиҷоратии Голландия аз хоҷагиҳои кишоварзию фермерии Тоҷикистон боздид намуда, бо вазъи бахши кишоварзии кишвармон аз наздик шинос мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки Голландия,  яке аз кишварҳои аврупоист, ки дар бахши аграрӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, бо маҳсулоти содиротии  аграрии худ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

 

Август 20, 2015 05:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст