Фитнаи навбатии ДИИШ: Террор дар Аврупо
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Созмони террористии «Давлати исломӣ» стратегияи худро тағйир дода, акнун ҷангиёни худ аз шаҳрвандони кишварҳои Аврупоро даъват ба он мекунанд, ки барои ҷангидан ба Сурия наомада, минбаъд дар кишварҳояшон амалиётҳои террористиро анҷом диҳанд, хабар медиҳад ширкати телевизионии бритонии Sky News (Скай нюс) бо истинод ба тадқиқоти дар ин самт гузаронидаи хеш.
Расонаи иттилоотии мазкур бо ёрии интернет-аккаунтҳои қалбакии таҳти «васояти» журналист-фрилансер коркунанда имкон пайдо намудааст, ки бо ҷангиёни ин гурӯҳи террористӣ дар тамос шуда, доир ба нақшаҳои навини он маълумот пайдо намояд.
Аз ҷумла, ба онҳо муяссар гашт, ки дар хусуси чор нафар ҷангии Давлати исломӣ аз Британияи Кабир, ки дар лагерҳои ҳарбии дар Сурия буда машқу тамрин гирифта, бобати гузаронидани кирдорҳои террористӣ дар Шоҳигарии Муттаҳида бозпас ба Ватанашон фиристода шудаанд, маълумоти зарурӣ бигиранд.
Аз рӯи маълумоти Sky News(Скай нюс) ҳоло дар Аврупо чандин ҷангии маргталаб фаъолият дорад, ки дар сурати гирифтани фармони хоҷагони худ тайёранд ба ҳуҷум гузаранд. Ширкати телевизионии мазкур дар миёни ин саркардагони Давлати исломӣ шумораи зиёди шаҳрвандони Британияи Кабирро низ муайян намудааст.
Масалан, барои интишороти хабар ва ҷалби аъзоёни нави «Давлати исломӣ» Ҷунайд Ҳусейн -хаккери 21 сола аз Бирмингеми Англия масъул мебошад, ки дар шумули панҷгонаи террористони Давлати исломӣ маҳсуб мешавад. Хадамоти махсуси ИМА доир ба безараргардонии онҳо тариқи тайёраҳои бесарнишин номнавис шудааст. Ҳамсари вай Салли Ҷонс ҳам аъзои «Давлати исломӣ» буда, дар қисми « қаноти занона»- и ин гурӯҳ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Натиҷаи тадқиқоти гузаронидаи Скай нюс ба ҳукуматдорони бритониёӣ супорида шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






