Хабарнигори собиқ TоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») Г. Гриднева бо унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия» сарфароз гардонида шуд

Август 24, 2015 11:44

Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Президенти Русия Владимир Путин  як гурӯҳи рӯзноманигорони Русия, аз ҷумла ТАСС-ро  бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия»-ро, дар якҷоягӣ бо дигар хабарнигорон, хабарнигори ИТАР-ТАСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Гриднева  соҳиб гашт .

Галина Гриднева  собиқадори рӯзноманигории Русия , яке аз хабарнигорони пешбари корпуси мухбирони махсуси  ИТАР ТАСС, аз соли 1992 мебошад.

Соли 1996  бо Фармони Президенти Федератсияи Русия Борис Елтсин Галина Гриднева бо  Нишони ҷасорат «Барои далерӣ ва қаҳрамонӣ ҳангоми иҷрои  вазифаи касбӣ ва қарзи шаҳрвандӣ» дар солҳои  муқобилият  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буд.

Г. Гриднева ғолиби якчанд озмунҳои умумирусиягӣ аст. Ӯ бо касбияти баланд, дониши амиқ ва дарки равандҳои дохилию хориҷӣ, дар кишваре, ки иқомат дорад,  саривақт дастрас намудани маводҳо фарқ мекунад. Дар 15 соли охир  мавзӯи асосии маводҳояш  муносибатҳои Тоҷикистону Русия буданд  ва мемонанд.

Ёдрас мешавем, ки Галина Гриднева  маҳорати худро дар ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») сайқал дода,  дар он   беш аз 15 сол кор кардааст.

Август 24, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид