Хуҷанд макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 интихоб шуд

Август 19, 2015 03:58

Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷандро ба сифати макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и Хуҷанд баргузор хоҳад шуд. 
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб — Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон — ширкат меварзанд. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон — Тошканд  барпо мегардад, роҳ меёбанд. 
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод. 

 

Август 19, 2015 03:58

Хабарҳои дигари ин бахш