Идомаи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мақомоти ВКД
Душанбе, 06.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз, вазири корҳои дохилии мамлакат Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии сеошёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон дидан намуд. Вазир ба сатҳ ва сифати корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба бинокорон барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани иншооти мазкур тавсияҳо дод. Рамазон Раҳимзода ҳамчунин ба ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар бинои Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон шинос шуда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳо дод.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои роҳбарияти ВКД давоми солҳои охир даҳҳо иншооти нав ва биноҳои маъмурии мақомоти милитсия сохта, ба истифода дода шуданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ бомайлон ҷараён доранд, — гуфт ба АМИТ «Ховар» корманди масъули ВКД Маҳбуба Гулова.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






