Ифтитоҳи маркази атласу адрасбофӣ дар Хистеварз

Август 13, 2015 03:47

Суғд, 13.08.2015 (АМИТ “Ховар”Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баҳри шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои созандагиву ободкорӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоати деҳоти Хистеварз маркази нави таълимӣ — истеҳсоли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 8 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ гузошта шуда, 30 нафар бонувон ба омӯзишу шуғл фаро гирифта шуданд.
Тавре зикр гардид, имрӯз дар миқёси вилоят  53 адад маркази таълимии атласу адрасбофӣ, 69 адад маркази таълимии қолинбофӣ ва 26 адад сӯзанидӯзӣ амал карда истодаанд, ва тибқи нақша то охири сол шумораи марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атлас ва матоъбофӣ ба 150 адад расонида шуда, дар он 9000 нафар занону духтарон-соҳибхоназанҳо фаро гирифта мешаванд. 
Сипас раиси вилоят ба корҳои навзосии 3,2 км роҳи миёни ҷамоатҳои Хистеварзу Зарзамин, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бо маблағи 1,8 миллион сомонӣ сармоягузори мешавад,  ҳусни оғоз бахшид. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон тибқи Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 185 км роҳҳо аз таъмир бароварда шудаанд. 
Дар доираи сафари кории худ раиси вилоят инчунин аз фаъолияти ҶДММ «Алфапэт» дидан намуда, дар маросими ба истифодадиҳии хатти нави технологӣ иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Алфапэт» аз соли 2005 ба фаъолият оғоз намуда, дар коргох сарпушакҳои зарфҳои пластикӣ, ПЭТ(зарфҳои пластикӣ) ва пардаҳои полиэтиленӣ истеҳсол карда шуда,  ҳаҷми истеҳсолии  маҳсулоти коргоҳ аз 550 ҳазор сомонии соли 2006 то ба 21 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст.

 

Август 13, 2015 03:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст