«Ҳикояи беҳтарин»- озмун бахшида ба 25-солагии Истиқлолият
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди адабиёти муосири тоҷик барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи наср озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин»-ро эълон мекунад.
Тавре дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳаҷми ҳикояҳо бояд то 8 саҳифаи компутерӣ бо ҳуруфи 14 (дар як саҳифа 28-30 сатр) бошад ва дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва маҷаллаи «Паёми Суғд» интишор карда мешавад.
Дар озмун қаламкашони ҷавон (то 30-сола) ширкат варзида, барои онҳо дар интихоби мавзӯъ озодии комил дода мешавад, то дар мавзӯъҳои барояшон мақбул ҳикоя эҷод ва пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, ки озмун аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2016 дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст хоҳад шуд.
Барои ғолибони озмуни «Ҳикояи беҳтарин» мукофотҳо барои ҷои аввал 2000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 1 500 сомонӣ, барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






