Исфара: Нест бод терроризм

Август 10, 2015 11:12

Суғд, 10.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар шаҳри Исфара дар доираи аксияи “Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ”, бо ташаббуси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар вилоят конференсияи илмию амалӣ ва аксияи “Нест бод терроризм!” доир гардид. 
Тавре ки масъулин аз шӯъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Исфара иттилоъ доданд,  конференсияи мазкур дар Қасри “Шифокорон”-и осоишгоҳи Зумрад бо иштироки беш аз 200 нафар ҷавонону фаъолони шаҳр  доир гардид, ки дар он  иштирокдорон  оид ба ифротгароӣ ва терроризм, ҳадафҳои тахрибкоронаи он, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, нақши волидайн дар самти пешгирии гароиши онон ба гурӯҳҳои бадсиришт ибрози андеша намуданд. 

Август 10, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш