Изҳороти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Август 11, 2015 09:41

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба нишонии АМИТ «Ховар» аз номи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи зерин ворид гардид: «Посух ба ахбороти радиои Озодӣ таҳти унвони «Таджикского пограничника застрелили или он утонул?», ки 3 августи соли 2015 дар  расонаи  хабарии  Озодӣ аз тарафи рӯзноманигор Орзу Карим ба табъ расидааст.
Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ изҳор менамояд, ки далелҳои дар мақола оварда дурӯғи маҳз буда, ҷамъиятро ба иғвою тахлуқа ва ноумедӣ меорад.
Дар ҳақиқат сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ Мирзоалиевич, баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмати ҳарбии ҳатмӣ ба Отряди сарҳадии «Ишкошим», Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда буд, ки дар онҷо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.
Сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ Мирзоалиевич дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии қисми ҳарбии номбаршуда хизмат намуда, 22 июли соли равон дар вақти адои хизмат, яъне наряди сарҳадӣ тахминан соати 03:30 бе ягон сабабҳои узрнок, бо яроқи оташфишони ба ӯ вобастагардида, ҷои хизматро худсарона тарк намуда,  ба самти номаълум ғайб мезанад. Худи ҳамон рӯз, аз тарафи роҳбарияти қисми ҳарбӣ, гурӯҳи кофтуковӣ ташкил карда шуда, барои ҷустуҷӯи сарбози қаторӣ Нуралӣ Ҳайдаров равон карда мешавад. 
Дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯи, 28 июли соли равон, дар наздикии деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, ҷасади номбурда аз шохоби дарёи Панҷ, дарёфт мегардад, аммо яроқи вобасташуда ва 120 дона тирҳое, ки аскари қаторӣ Нуралӣ Ҳайдаров ҳангоми тарки маҳалли хизмат бо худ бурда буд, то ҳол ошкор нагардидаанд. 
Падари сарбози маҳрум  Ҳайдаров Мирзоалӣ ба рӯзноманигор хабар додаст, ки дар пешонии писараш Ҳайдаров Нуралӣ захми тирро пайдо намудааст.
    Дар асоси талаботи падари Ҳайдаров Нуралӣ, 7 августи соли 2015, бо қарори Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи экспертӣ барои гузаронидани тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ва патологоанатомии (эксгумация) ҷасади Нуралӣ Ҳайдаров, ташкил карда шуд. 
Ҳайати гурӯҳ, аз кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон, прокуратураи ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ ва мутахассисони беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус иборат буда, пас аз гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ, ба чунин хулоса омадаанд, ки сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ, дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст.
Падари сарбоз Ҳайдаров Мирзоалӣ, низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, шахсан ҷасади Нуралиро муоина намуд ва бовар кард, ки дар бадани писараш ягон нишони зӯроварӣ ва захми тир вуҷуд надорад. 
Ба рӯзноманигор Орзу Карим расонида мешавад, ки мақолаи «Таджикского пограничника застрелили или он утонул?», ки дар сайти радиои Озодӣ аз 3 августи соли 2015, инчунин дар сайти Азия-плюс аз 3 августи соли 2015 ба нашр расидааст, аз яктарафа инъикос намудани чунин ҳодисаҳо худдорӣ намуда, омӯзиши ҳаматарафаи онро ба роҳ монда, баъд маводҳоро чоп намоянд. Новобаста аз ин, мақолаи мазкур аз тарафи Роҳбарият ва масъулони Қӯшунҳои сарҳадӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Умуман, дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ муносибат байни хизматчиёни ҳарбӣ дӯстона буда, хизматчиёни ҳарбӣ дар мавриди  сару либос, пойафзол ва хӯрока нисбат ба солҳои гузашта хубтар таъмин мебошанд.
Илова бар ин, аз тамоми рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки нодидаю носанҷида инъикос намудани ҳодисаҳоро дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хотима диҳанд. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ва дар асоси маълумоти дақиқ нашр намоянд. Чунин мақолаҳои танқидии беасос ба паст шудани сифат ва дараҷаи даъватҳои навбатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегарданд!».

 

Август 11, 2015 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид