Кӯмаки сафорати ИМА ба зарардидагони ВМКБ

Август 10, 2015 09:18

Душанбе, 10. 08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат). — Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии осебдидагони сел  кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, қуттиҳои дорои лавозимоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонид.
19-уми июли соли 2015 Сафир Сюзан Эллиотт ба муроҷиати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мусоидат ба бартарафсозии хисороти зиёд дар Бадахшон ва баъдан дар водии Рашт вокуниш нишон дод.  Бо истифода аз Фонди имдоди сафири ИМА, Сафир Эллиотт маблағи 50 000 доллари амрикоиро ба бахши имдод ба осебдидагони офатҳои табии Хазинаи Оғохон оид ба рушд, созмон оид ба кӯмаки башардӯстонаи FOCUS ҷиҳати дастрас намудани хаймаҳо, рахти хоб, кампал, болишт, сачоқ ва дигар лавозимоти рӯзгор ҷудо намуд.  Инчунин, бахши назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорат (INL) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар доираи Барномаи ҳамкории милисия бо ҷомеъаи бахши мазкур аҳолии водии Раштро бо маводи зарурии аввалиндараҷа ба маблағи 10 000 доллари амирикоӣ таъмин намуд. Он тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст, мувофиқа хоҳад шуд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо таваҷҷӯҳи хос мушоҳида намуда, маблағи иловагиро барои таъмири мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмиру барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ҷудо намудааст.

Август 10, 2015 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд