Кумаки Кумитаи имдод ба зарардидагони Бадахшон

Август 31, 2015 10:27

Душанбе, 31.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Намояндагии Кумитаи имдоди  имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон  ба зарардидагони аз офатҳои табии навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмак мерасонад. Ин кӯмакҳо аз гилему болопӯшҳо, яхдон, маводи ғизоӣ аз қабили равған, биринҷ, шакар, макарон ва хокаи шустӯӣ иборат буда, онро масъулини  Кумитаи мазкур ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мерасонанд.
Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сарпарасти кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ  Саидпарвизи Фаттоҳ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои мухталиф ибрози назар намуданд. Саидпарвизи Фаттоҳ зикр кард, ки дар оянда намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон фаъолияти худро тавсеа мебахшад. Зикр шуд, ки алҳол бо ибтикори намояндагии Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 134 коргоҳи омӯзишӣ таъсис дода шудааст, ки ин марказҳо ба шуғли муайян фаро гирифтани ҷавонон,  хусусан аз худ кардани ҳунарҳои дӯзандагӣ, сангтарошӣ, челонгарӣ нақши калон доранд.

 

Август 31, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад