Кумаки раиси ВМКБ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида

Август 7, 2015 04:51

Хоруғ, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Хосият Худоёрбекова). — Раиси ВМКБ  Шодихон Чамшед ба оилаҳои аз офати табиӣ зарадидаи ноҳияи Шугғнон   кумакҳои навбатии  пулӣ расонид. Ба хонаводаҳое, ки пурра зарар дидаанд, ба маблағи 1500 сомонӣ ва  хоҷагиҳое, ки қисман  таҳриб шуданд, 600 сомонӣ ба ҳар яке  кумак карда шуд.
Илова бар ин ба сарвари ҳар оила  100-сомонӣ  ва аъзоёни  ҳар оила  50-сомонӣ  кумаки яквақта расонида шуд.
Ба оилаи Муллофирдавс Саидаҳмадов, сокини деҳаи Барсеми ноҳияи Ванҷ, ки дар натиҷаи офати табии   хонаи истиқоматиаш пурра зери об монда, чонашро аз даст дод, аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон   10-хазор сомони  кумак карда шуд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии  вилоят  ба хотири расидагӣ ба мушкилоти  мардуми маҳал  дар шаҳраки хаймавӣ   ситоди  Раёсати вазорати корҳои дохилиро таъсис доданд. Кормандони раёсати мазкур  дар баробари дигар корҳо, барои  бенавбат соҳиби шиносномахои нав шудани ҷабрдидагон фаъолият доранд.

 

Август 7, 2015 04:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст