Либосҳои мактабии ватанӣ: аз сифат то нарх

Август 24, 2015 10:16

        Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар арафаи соли нави таҳсил қарор доранд. Агар масъалаи таъмиру навсозии мактабу синфхонаҳо яке аз масъалаҳои асосии омодагӣ ба соли нави хониш бошад, масъалаи дигар бо либоси ягонаи мактабӣ  таъмин намудани хонандагон аст. Масъалаи навбатие, ки  мавриди таҳқиқ қарор додаем сифат, тарзи дӯхт  ва арзиши либосҳои  ватанӣ барои  хонандагони макотиби миёна мебошад.
 Фурӯшандагони «Корвон»: либосҳои мактабӣ  аксаран аз мо харидорӣ мешаванд!
         Зимни суҳбат бо фурӯшандагони ҶДММ бозори «Корвон»  оид ба либосҳои мактабӣ муайян гардид, ки бештари волидайн барои фарзандонашон маҳз аз ин ҷо либоси мактабӣ харидорӣ мекунанд. Бобохон Камолов-яке аз фурӯшандаҳои либосҳои мактабӣ дар ҶДММ бозори «Корвон» вобаста ба сифат ва нархгузории либосҳои ватанӣ, ки дар ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик»  дӯхта ба фурӯш бароварда мешавад иброз дошт, ки харидорон аксаран аз, сифат ва номутобиқатии нарх бо сифат арзи норозигӣ намуда,  либосҳои бозори онҳоро харидорӣ менамоянд, гарчанде медонанд, ки ин либосҳо истеҳсоли ватанӣ нестанд. «Ман либосҳои мактабии «Текстил»-ро шахсан надидаам, аммо  харидорон  худашон меоянд, мегӯянд, ки дар он ҷо сифаташ паст , нархаш баланд ва ба талабот ҷавобгӯ нест»,-мегӯяд  ин  фурӯшандаи бозори «Корвон». Омили дигари аз бозори «Корвон» харидорӣ намудани либосҳои мактабиро фурӯшандагон дар  тарзи дӯхти ин либосҳо мебинанд. Аз ҷумла Имомалӣ-яке аз фурӯшандагони бозори «Корвон» дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки  волидайни хонандагон  бештар  либосҳои  мактабии духтаронаро аз ӯ  харидорӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи ӯ либосҳои истеҳсоли ватанӣ мисли либосҳои хориҷӣ шинаму зебанда нестанд. «Матоъи либосҳои мактабии ватанӣ сифатан хуб аст, аммо тарзи духташ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест»,- меафзояд  Имомалӣ. 
      Волидайн: либосҳои босифат ва арзонро аз бозор зудтар меёбем!
         Ҳарчанд яке аз ҳадафҳои роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ бо истифода аз ширкатҳои ватанӣ, пеш аз ҳама бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод намудани онҳо ба аҳолӣ мебошад, аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сифат, тарзи дӯхт ва нархгузории маҳсулоти ватанӣ аксари волидайни хонандагонро қонеъ намекунад, дар сурате, ки нарх ва сифати  либосҳои хориҷӣ ба муштариён дастрасу писандидатар аст. Агарчӣ  ҳар  мактаб вобаста ба  дархости худ  барои хонандагон либосҳои махсус  фармоиш медиҳад, аммо нархи гузошташуда онҳоро қонеъ намекунад. «Нархи либосҳои мактабӣ аз мактабҳо дида, дар  бозор хеле арзон аст, дар мактаб бошад бо арзиши гарон ба фурӯш гузошта шудаанд»,-меафзояд яке аз харидорон.  Волидайни дигар бошад иброз медоранд, ки  барои онҳо пайдо кардани либосҳои босифату  арзон  дар бозор нисбатан  қуллай  аст, зеро  бидуни  мушкилӣ метавонанд аз ин ҷо барои фарзандонашон либос харидорӣ намоянд. Яке аз волидайн  гуфт, гарчанде барои духтаронаш аз  либосҳои истеҳсоли ватанӣ харидорӣ намудааст, аммо  барои писаронаш либосҳои мувофиқро аз бозор дарёфт намуд. «Агар бо нархи  либосҳои ватанӣ муқоиса кунем, аз бозор арзонтар мегирем  ва ҳам бо сифати хуб»,-мегӯянд волидайн. 
           Қисмати  дигари шаҳрвандон либосҳои мактабии истеҳсоли  ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-ро хусусан барои писарон хуб арзёбӣ карданд, аммо барои духтарон аз ҷиҳати дӯхт номувофиқ шумориданд. Аз гуфтаҳои Мавҷигул Ёрова яке аз волидайн бармеояд, ки онҳо дар интихоби тарзи дӯхти либоси мактабӣ огоҳ набуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин хусус ба онҳо маълумоте надодаанд. Аз ин рӯ либоси фармудаи мактабҳо ба фарзандон мутобиқат  намекунад: « Мактаби 33-и мо ҳамин хел либос фармоиш додааст, ки юбкаҳояшон  хуб духташуда, аммо болопӯш, кофта  мувофиқ нест, пуштҳояшон кушода аст, ҳозир мо дидем, ба мо писанд наомад»,-мегӯяд  номбурда. Ҳамин гуна яке аз волидайни дигар Бурҳониддин низ аз фармоиши муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 71 дар масъалаи либоси мактабӣ изҳорӣ нигронӣ карда, афзуд, ки на ҳамаи он либосҳое, ки ин муассиса фармоиш додааст, ба  фарзандаш мувофиқат мекунанд: «Либосҳоро дӯхтаанд, аммо  андозаро хуб нагирифтаанд, масалан кӯдаки ман базӯр костюмро пӯшид, остинҳояш танг ҳастанд»,-иброз дошт Бурҳониддин.
 Талабот зиёд, аммо маҳсулоти мувофиқ кам 
         Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии волидайни хонандагон гаштааст дастнорас будани либосҳои мактабии мувофиқ ба ҳамаи хонандагон дар ҶДММ «Нассоҷии тоҷик» мебошад. Мадина Диёрова-модари яке аз хонандагон дар ҳамин ҳол иброз дошт, ки гарчанде «Нассоҷии тоҷик» бо мақсади таъмини ҳамаи хонандагон либосҳои  зиёд омода намуда, ба фурӯш баровардааст, наметавон ба осонӣ либоси мувофиқро аз инҷо дарёфт намуд: «Мисли монополия танҳо дар як ҷо либосҳоро ба фурӯш баровардаанд, намешуд, ки инро дар бозор низ озодона ба фурӯш бароранд, дастрас кардани либоси ба андоза мувофиқ хеле душвор аст»,-мегӯяд номбурда. Дар  ҳамин ҳол Абдумавлон Абдуллоев-ҷонишини директори генералии «Нассоҷии тоҷик» иброз дошт, ки корхонаи онҳо либосҳои мактабиро  нисбат ба  нархи бозор арзон ба фурӯш бароварда, бо ҳамин мақсад бо бозорҳо шартнома низ намекунад: «Мо агар  либосҳои мактабии ватаниро ба бозор диҳем , онҳо боз 20-25%  нархро баландтар  мекунанд, ки ин  боиси ба фурӯш нарафтани ин либосҳо мегардад»,-меафзояд Абдуллоев Абдумавлон  ҷонишини директори генералии «Нассоҷии тоҷик». Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз фурӯшандагони бозори «Корвон»  сабаб номувофиқ ва ҳамзамон сифати паст доштани бархе аз либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ мебошад. Баъзе шахсони номаълум либосҳои мактабии истеҳсоли хориҷиро ба таври  яклухт  аз  фурӯшандагони  бозор  харидорӣ намуда, ба мактабҳо ҳамчун либосҳои  истеҳсоли ватанӣ мефурӯшанд. «Бисёр одамони миёнарав пайдо шудаанд, ки омада аз бозор либосҳои мактабӣ харида, бурда дар мактабҳо мефурӯшанд, ки  гӯё  он истеҳоли Тоҷикистон  аст ва дар «Нассоҷии тоҷик» ё ин ки «Ёқут-2000» омода мешаванд, аммо дар асл он моли дигар кишвар аст»,-мегӯяд Хуршеди Убайдулло-яке аз фурӯшандагон. Ба гуфтаи ин фурӯшандаи бозори «Корвон» либосҳои мактабии онҳо бештар аз кишварҳои Чин, Туркия ва Қирғизистон харидорӣ шуда, нархгузорӣ аз 60 то 200 сомон муайян шудааст, ки ҳар харидор метавонад вобаста ба шароиташ либоси мувофиқро харидорӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки арзиши  либосҳои мактабии истеҳсоли  ватанӣ дар ҶДММ «Нассоҷии тоҷик» аз 197 то 251  сомонӣ нархгузорӣ шудааст, ки ба ин на ҳамаи харидорон розӣ ҳастанд.
            Абдумавлон Абдуллоев-ҷонишини директори генералии «Нассоҷии тоҷик» вобаста ба нархгузории  либосҳои мактабӣ  ба мо иттилоъ дод, ки нархи муқарраркардаи онҳо дар асоси сарфаи қувваи барқ, матоъ, ришта, пардохти маблағи андоз, таҷҳизоти мошинаи дӯзандагӣ  ва  маоши  кормандон   мувофиқа  шуда, худсарона  муайян нашудааст. 
        Аз пурсишҳои анҷомдодаи муштариёни либосҳои мактабии истеҳсоли  ватанӣ ва хориҷӣ  мо ба чунин хулоса омадем:
1)    Либосҳои  мактабии истеҳсоли ватанӣ сифати паст доранд;
2)    Нархи ин либосҳо бо сифати  онҳо мувофиқат намекунад;
3)    Дар муқоиса бо либосҳои ватанӣ либосҳои хориҷӣ босифат ва арзон ҳастанд;
4)    Бояд нуқтаҳои  фурӯши либосҳои ватанӣ  дар  шаҳри Душанбе  бештар шаванд, навъҳои гуногун  ва сифати баланди маҳсулот таъмин шавад, то дарёфти либосҳои мувофиқ бон архи дастрас осон гардад.

 

Август 24, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад