Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.
Тавре зикр гардид, ҳамчунин 50% кормандони дастгоҳи марказии ШСХК Барқи Тоҷик ихтисор карда шудааст.
Мутахассиси варзида ва ҷавони ин соҳа Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” таъин гардид, ба аъзои ҳукумат муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фуруши барқро ба низом дароранд.
Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии Корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин карда шуд.
Холдоров Олимҷон Ортиқович директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» таъин карда шуд.
Одинаева Бунафша Фатоевна аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод карда шуд ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаи як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин чанд хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо, ки маъқул дониста шуданд, аз ҷумла ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешниҳод карда шуд.
Лоиҳаи Созишнома оид ба идома додани кори Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент” оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гачкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.
Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилоти адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ тасдиқ карда шуд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тасдиқ гардид.
Дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда, сарфаи сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва омодагии ҷиддӣ ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи шоиста аз ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






