Маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ анҷом ёфт
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ, ки санаи 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буд, дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” ба анҷом расид.
Дар маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ раиси вилояти Суғд — сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ҷалби 30 ҳазор нафар дар се марҳила, дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” ва “Нурафшон” ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмӯи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ, ҷалб гардиданд. Машқҳову мавзӯъҳои омӯзишӣ зери назорати вазири мудофиа Шералӣ Мирзо сурат гирифт. Дар чорабинии мазкур тибқи фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва комиссарони ҳарбӣ ширкат намуда, онҳо тӯли се рӯз ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз яроқу аслиҳаи сабуки ҷангӣ ва дигар омӯзишҳо ҷалб карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷангӣ, сафарбарии қушунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистон мебошад.
Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии горнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбию артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардид.
Дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба иштирокдорони фаъоли маҷмӯи машқҳо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Ба раиси вилояти Суғд — сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ медали ҷашнии 20-солагии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






