Меҳрномаи як нафар эҷодкор

Август 24, 2015 12:29

Душанбе, 24.08.2015.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-«Ҳайкали тиллоӣ» чунин ном дорад, китоби ховаршинос Сайфиддин Акрамзода, ки бо теъдоди 10-ҳазор нусха тавассути нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид. Дар китоб воқеаву ҳодисоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рухдода ва он мушкилоту бадбахтиҳое, ки ба сари миллати мо омада ва бо ҷаҳду талошҳои қаҳрамононаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  бартараф гардиданд, бо тариқи назм тасвир ёфтаанд. 
Дар асар хизматҳои шоён, ободию бунёдкориҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳо , ифтитоҳи нақбҳои афсонавӣ аз нуқтаи назари як нафар эҷодкор ба тасвир омадаанд. Муаллифи китоб шоир, сароянда ва олими ховаршинос  Сайфиддин Акрамзода дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Покистон хизмати арзанда кардааст.Ӯ ҳамроҳи фарзандаш дар шаҳри Лоҳури Покистон 120 сурудро бар ашъори алломаи Машриқзамин Муҳаммад Иқбол бо садои тору таблак  сабти радиоӣ ва телевизионӣ намуда буд.

 

Август 24, 2015 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад