ММД 106,4 фоизро ташкил дод
Душанбе, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Маҷмўи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ — июни соли 2015 аз рўи маълумоти фаврӣ 19 158,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2014 бо нархҳои муқоисавӣ 106,4 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 96,7 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд. Воридоти андозҳо 92,3 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил додааст.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2015 хароҷоти буҷети давлатӣ ба андозаи 83,2 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд. Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 27,8 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт (бо назардошти ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ) 31,2 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 20,8 фоизи ҷамъи маблағ сарф шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






