Мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар асоси барномаи хониши идоравии мақомоти давлатӣ дар моҳҳои июл- ноябри соли 2015, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» ба иштироки кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ машғулияти хониши идоравӣ доир гардид.
Дар ин омӯзиш роҳбарони кумитаҳои зикргардида- иштирок намуда, барои ҳозирин зарурияти баргузор намудани чунин машғулиятҳои омӯзиширо муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки чунин омӯзишҳо барои хизматчиёни давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Дар машғулияти мазкур ҳуқуқшиноси Кумита Сафаргул Бухориева Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро муаррифӣ намуда, оид ба талаботи қонуни мазкур ва коррупсия- яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст, суханронӣ намуд.
Хамзамон, зикр гардид, ки вазифаи ҳар хизматчии давлатӣ ба дарки ҳар фард расонидани зарурати мубориза бар зидди коррупсия ва бартараф намудани мавқеи бетарафӣ нисбат ба коррупсия ва бо ҳамин восита ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






