Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони мақомоти идоракунандаи захираҳои моддии ИДМ

Август 6, 2015 06:12

Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  бо  роҳбарони мақомоти  давлатии  идоракунандаи  захираҳои  моддии  давлатии  кишварҳои аъзои ИДМ мулоқот кард.
Тавре таъкид шуд,  дар шароити кунунӣ, ки  аксари  кишварҳои ҷаҳонро   бўҳрони  иқтисодию  молиявӣ  фаро гирифтааст,    идораи самарабахши  сохторҳои  захираҳои   давлатӣ,  технологияи   нигоҳдошти   масолеҳи  арзишманд, бозомўзию омода кардани мутахассисони варзидаи соҳа  ва  ташкили  низоми муайяни кори сохторҳои   захираҳои  давлатӣ  дар  таъмини  амнияти  иқтисодии  ҳар  як  давлат   нақши  муассир  мегузорад.
Аз роҳбарони сохторҳои давлатии идоракунандаи захираҳои моддии  давлатии  кишварҳои Иттиҳод даъват карда шуд, ки  бо истифода  аз  имкону  захираҳои  мавҷуда  ҳамоҳангии  кори сохторҳои давлатии ин соҳаро  таъмин карда,  дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ,   аз  ҷумла  дар  бартарафсозии  оқибатҳои офатҳои таббии ва садамаҳои  техногенӣ, саҳми  муштарак дошта бошанд.  
Хотиррасон мешавем, ки  роҳбарони  мақомоти    давлатии  идоракунандаи  захираҳои  моддии  давлатии  кишварҳои аъзои ИДМ барои иштирок дар кори  ҷаласаи навбатии Шўрои машваратии ин мақомот  дар  шаҳри  Душанбе  қарор доранд.

 

Август 6, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст