Мунтахаби Футзали Тоҷикистон таҷриба меандозад

Август 7, 2015 11:38

       Душанбе, 07.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Меҳрони   Қурбон)-Дар доираи омодагӣ марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016  дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон рӯзи 6 август дар Дубай бо дастаи мунтахаби миллии футзали Аморати Муттаҳидаи Араб вохӯрии дӯстона гузаронид. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта бо ҳисоби 5 бар 3 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.
    Хотирасон  менамоем, ки  голҳои дастаи мунтахаби футзали моро Шавкат Ҳалимов, Шерзод Ҷумаев ва Некрӯз Алимаҳмадов ба ҳадаф  расониданд.
     Бояд  зикр  кард, ки  дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо чунин ҳайат бозиро оғоз кард: Фирӯз Бекмуродов — Шерзод Ҷумаев (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Маҳаммад Раҳмонов, ва Ораз Ализода . 
Ёдовар  мешавем, ки  рӯзи 8 август дастаҳои  мунтахаби миллии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон боз як бори дигар бо ҳам     рақобат мекунанд.

 

Август 7, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш