Мусобиқаи «Ушу» дар байни ҷавонон

Август 13, 2015 06:02

Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 15-ум 16-уми августи соли равон дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон ва калонсолон оид ба намуди “Ушу”доир мегардад.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби Ушу байни ҷавонон ва калонсолон дар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2015  барпо мегардад.  Дар назар аст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳо иштирок намоянд. 
Сардовари мусобиқа ва ҳайати доваронро дар мувофиқа бо Комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд.

 

Август 13, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш