Нақшаи кишти такрорӣ иҷро мешавад
Душанбе, 6.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳадафи асосии деҳқонони ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштан, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила гирифтани дастмузди хуб аст. Ҳамаи деҳқонон барои он сайю кушиш доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Ин аст, ки нақшаи кишти такрорӣ дар ҷумҳурӣ то 4 август 98 фоиз таъмин гардидааст. Деҳқонони баъзе шаҳру ноҳияҳо масалан деҳқонони шаҳри Турсунзода нақшаро 113 фоиз, ноҳияи Кубодиён 147 фоиз, Мӯминобод 154 фоиз иҷро карданд.
Аммо деҳқонони баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо набаромадаанд. Аз ҷумла, деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ то имрӯз 75 фоизи нақшаро иҷро карданд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ Файзалӣ Шокиров сабаби инро дар гарм омадани боду ҳаво шарҳ дод. Ӯ авфзуд: «Мо кишти баъзе сабзавот, аз ҷумла турбу шалғамро каме мавқуф гузоштем ва рӯзҳои наздик дар фурсати муносиб, тибқи тадбирҳои агротехникӣ сабзавоти мазкурро кишт хоҳем кард. Яъне мо ҳам ба хотири иҷрои нақша ва ҳам барои ҳосили дилхоҳ рӯёндан сайю кӯшиш дорем».








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






