Нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар Тоҷикистон

Август 10, 2015 11:51

Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Рӯзҳои 29-30 августи соли равон дар Душанбе бо дастгирии Ҳукумати кишвар нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” ва Фестивали сайёҳию фарҳангии “Мероси роҳи Абрешим” доир мегардад. 
Дар чорабинии мазкур доираи васеи коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа, вазирони соҳаи туризми давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат меварзанд.

 

Август 10, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш