Намоиши аксҳо ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон
Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи суратҳои аксбардорони Чин ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҳайатҳои сафоратхонаҳо, ВКХ, Вазорати мудофиа ва ВАО ширкат доштанд. Ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии иттилоотии «Синхуа» мебошанд.
Бино ба иттилои ташкилкунандагон, ин намоишгоҳ ба 70-умин солгарди Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст.
Намоишгоҳи мазкур ба се қисм тақсим мешавад: «Ҷанги зидди фашистӣ ва сулҳи Шарқ», «Ба вуҷуд овардани ягонагии фронти зидди фашистӣ», «Ғалабаи ҷаҳон бар фашизм».
Дар оғози намоишгоҳ Фан Сян Жун сафири Чин дар Тоҷикистон суханронӣ карда, гуфт: «Имрӯз барои мо басо рӯзи муҳим аст, яъне 70-умин солгарди Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон. Маҳз дар ҳамин рӯз, 70 сол қабл мо ғалабаро ба даст овардем. Дар ин ҷанг зиёда аз 35 миллион шаҳравнди Чин ҳалок шуданд. Мо бояд нагузорем, ки ин гуна ҷанг дар ҷаҳон дубора сар занад. Мо бояд аз ин ҷанг барои худ як дарси ҳаёт омӯзем».
Аксҳое, ки ба маъраз гузошта шудаанд, таърихи ҳамон ҷанги 70-сол қабл анҷомёфтааст, ки бо кумаки Агентии иттилоотии «Синхуа», Фонди иҷтимоии «Ен Бан»-и Созмони Ҳамкории Шанхай, Агентии марказии тарҷумаҳолӣ ва Осорхонаи Шанхай омода шудаанд. Меҳмонон тавонистанд онҳоро аз наздик бубинад.
Фан Сян Жун сафири Чин дар Тоҷикистон дар ҷараёни ин намоишгоҳ гуфт, ҷониби Чин нақша дорад, ки 3 сенятбр дар Пекин бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон гузашти низомӣ баргузор намояд, ки дар он сарони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






