Назорати беҳдошти муҳити зист

Август 18, 2015 05:33

Ҷиргатол, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиргатол  фаъолияти худро баҳри боз ҳам пурзўр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти муҳити зист ба роҳ монда, аз тарафи мутассадиёни соҳа бо мақсади назорати иҷроиши қонунҳои соҳаи ҳифзи табиат дар   нимсолаи аввали соли ҷорӣ  санҷишҳо гузаронида, оид ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта 18 адад  протоколҳо тартиб дода шудаанд.
  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби пардохткунандагони ҳатмии экологии ноҳия ба маблағи 2800 сомонӣ пардохт карда шудааст.
 Инчунин аз ҳисоби бахши мазкур ба истифодабарандагони нақлиёти шахсӣ ва давлатӣ иҷозатномаҳои махсуси экологӣ дода шуда, аз ин ҳисоб 800 сомонӣ ба суратҳисоби Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиргатол  ворид карда шуд.

 

Август 18, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш