Нуҳ соли маҳрумият аз озодӣ бар ивази як таппонча
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини як ноҳияи ҷануби вилояти Хатлон Раҷабов Т. солҳои 1992-1995 таппончаи Макаровро бо нияти дар замони осоишта фурухтан, соҳиб шуда буд.
Вай таппончаро дар ҳавлии манзили истиқоматиаш зери хок пинҳон намуда, ғайриқонунӣ нигоҳ медошт. Пас аз ба даст омадани сулҳ касе аз силоҳи оташфишон инсифода намебурд ва аз ҳамин сабаб ин таппонча боз чанд соли дигар дар зери замин пинҳон монд.
Соли 2000 Раҷабов Т. барои роҳзанӣ ва даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуда, моҳи апрели соли 2007 бо қонуни авф пеш аз мӯҳлат озод гардид.
Ин иқдоми ҳукуматро Раҷабов қадрдонӣ накард ва мехост муфт маблағи калон ба даст орад, зеро дар хона чор фарзандаш гуруснагӣ мекашиданд.
Сол то сол қарзҳояш ҷамъ шуда, моҳи феврали соли 2015 Раҷабов Т. ба хулоса омад, ки таппончаро ба маблағи 1000 доллари ИМА бифурӯшад. Бо ин мақсад саҳар ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намуд. Кормандони фаврии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон аз хусуси муомилаи харидуфурӯш иттилоъ гирифта, Раҷабовро дар дохили мошин дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ таппончаи тамғаи Макаров дарёфт гардид, ки тахминан бист сол ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуд. Бино ба хулосаи экспертизаи баллистӣ, силоҳ дар ҳолати коршоям қарор дошт.
Инчунин ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як баста бо маводи ҳашиш дарёфт гардид. Сипас кормандони фаврӣ манзили истиқоматии Раҷабовро кофтуков намуда, аз дохили тафдони вайрона як баста маводи ҷигарранг ёфтанд.
Мутахассисони Шуъбаи эксперизаи судии Раёсати Агентӣ муайян намуданд, ки маводи дарёфтшуда афюн буда, вазнаш 454,3 грамм мебошад.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд. Дар рафти тафтишот Раҷабов Т. нишон дод, ки тахминан моҳи январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе рӯ ба рӯи бозори “Саховат” аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамшед ном шахси ба тафтишот номаълум, миллаташ афғон дар як бастаи селофании рангаш сиёҳ як миқдор воситаҳои нашъадори навъи афюнро ғайриқонунӣ ба даст оварда, онҳоро ба хонааш интиқол дода, бо мақсади дар оянда ба каси дигар додан, дар дохили тафдон пинҳон намудааст.
Дар рафти тафтишот гуноҳи Раҷабов Т. пурра исбот гардид.
Пас аз ба анҷом расидани тафтишот Гурӯҳи тафтишотии Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноиро ба суд ирсол намуд.
Аз ҷониби Суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба Раҷабов Толиббек ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлаи нӯҳ солу шаш моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






