Оғози машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015” дар Тоҷикистон

Август 27, 2015 09:56

Душанбе, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 27-уми август дар машқгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ “Фахробод” намоиши машқҳои махсуси тактикии “Гром-2015”  оғоз гардид, ки дар он  ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, иштирок доштанд. 
Дар  ин маросим муовини Котиби генералии СААД  Аманҷон Жанкулиев, Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар (ХФНММН Россия) Виктор Иванов, Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Рафик Мамбеталиев, Директори АНМН назди Президенти ҶТ  Назарзода Рустам , намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, иштирок доштанд.
Машқҳои махсуси тактикӣ дар ду марҳила, бо иштироки намояндагони Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон , то 3-юми сентябри соли равон дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон идома меёбанд. 
 Машқҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо ҳадафи бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъаовар ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак гузаронида мешавад.

Август 27, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст