Ғолибони бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд

Август 7, 2015 05:06

Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҳашт дастаи ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маълум шуданд. 
Ба иттилои манбаъ, намояндаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон — «Саройкамар”-и Панҷ, ки дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ ғайричашмдошт дар меҳмонӣ «Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи лигаи олиро шикаст дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба чорякфинал баромад. «Саройкамар” дар даври чаҳорякниҳоӣ бо «Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунад. 
Гуфта мешавад, ки дар бозиҳои дигари 1/4 финалӣ «Истиқлол”-и  Душанбе, қаҳрамон ва барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, бо «Хуҷанд”-и Хуҷанд, «Равшан”-и Кӯлоб бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ мубориза мебаранд. 
Бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 20-уми августи соли равон, бозиҳои ҷавобӣ 25-уми август баргузор мешаванд. Маблағи ҷоизаи Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз Ҷом бо ҷоизапулӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба финалист 25 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

 

Август 7, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст