Ошкор шудани 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ
Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар нимсолаи аввали соли равон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ рейдҳои алоҳида ва муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида, 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизиро ошкор кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти мазкур аз ин миқдор 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии маснуоти заргарӣ, 61 ҳолат маҳсулоти спиртӣ, 41 ҳолат маҳсулоти тамоку, 130 ҳолат сўзишворӣ ва 91 ҳолат дигар молҳои зераксизӣ мебошанд.
Дар натиҷаи рейдҳои муштарак воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6200 адад, ангиштсанг 1561 тонна, нуриҳои минералӣ 1024 тонна, семент 1044 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 9294 кг, лампаҳои тафсон 42650 адад, меваи тар 25933 кг, доруворӣ 32867 дона, матоъ 15.785 метр, чорвои зинда 13 сар ва маводи хўрока 350 тонна ошкор карда шуда, ба маблағи 504,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 1603 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ситонида шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






