Озмуни РБДА ВКД барои ронандагон ва пиёдагардон

Август 20, 2015 05:26

Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  7-уми сентябри соли равон дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Ронанда ва пиёдагарди намунавӣ»-ро баргузор менамояд.
Даври якум бевосита дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе то  3-юми сентябри соли 2015 гузаронида мешавад. Даври дуюм 7-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки 5 нафар ғолибони даври якум доир мегардад.
Шумораи иштирокчиён барои даври якум бе маҳдуд буда, тамоми хоҳишмандон — шаҳрвандони кишвар иштирок карда метавонанд.
Дар озмун ба иштирокчиёне, бартарӣ дода мешавад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нағз донанд, дар ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ саҳм дошта бошанд.
Барои ғолибони озмун 5 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар гардидааст.
Озмун бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таҷрибаи гаштугузори бехатари пиёдагардон дар ҷараёни ҳаракат дар роҳ, такмили шаклу усулҳои таблиғот оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани мавқеи пиёдагардон, ҳамчун иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад.

 

Август 20, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст