Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Август 6, 2015 04:24

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 19426 гектар картошка кишт шудааст. То 31.07.2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҳосили 5770 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1288 гектар зиёд мебошад. 
Тавре, ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 123760 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30426 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214, 5 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. 
Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 27364 гектар сабзавот кишт шудааст, ки то имрўз майдони 16692 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2259 гектар зиёд мебошад. То 31июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 409788 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 79047 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 245,5 сентнериро такшил медиҳад,ки дар соли гузашта 16,3 сентнерӣ афзунтар аст.

 

Август 6, 2015 04:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст