Робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи тиб
Душанбе, 4.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Масъалаи роҳандозии беҳтару бештари тибби муосир дар ду кишвари ҳамҷавор, Тоҷикистону Эрон, имрўз зимни вохӯрии ҳайати расмии Вазорати беҳдошт, дармон ва омўзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷониби Эронро дар ин ҳайат Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии ба номи Шаҳид Биҳиштӣ, доктор Алӣ Асғарии Пайвандӣ, Раиси Донишгоҳи улумии пизишкии Ҳамадон Мўсавии Баҳор, Раиси идораи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ саркорхонум Фаришта Зироатӣ намояндагӣ доранд. Дар вохӯрӣ аз ҷумла масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҳамкориҳои вазорат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои беҳтар намудани саломатии аҳолии минтақа дар заминаи «Ёддошти Тафоҳуми Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омўзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон», ки соли 2008 ба имзо расонида шудааст, амалӣ шуда, дар ин замина баҳри пешрафт ва баланд бардоштани сифати корҳои илмию тадқиқотӣ, дарёфт ва татбиқи усулҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳо, таъминот бо маводи дорувории хушсифат, дастрасии воқеии ваксинаҳо ва таъмини муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд
Бояд қайд намуд, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳо дар самти пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон робитаҳои хуб ба роҳ монда шудаанд. Байни “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва бахши пайванди Бемористони Намозии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2014 робитаи касбӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар якҷоягӣ бо мутахассисони эронӣ ҷарроҳии пайванди хешутабории ҷигар аз донори зинда барои 2 нафар калонсолон ва 2 нафар хурдсолон бомуваффақият ба анҷом доданд. Ҳамзамон мутахассиони тоҷик дар соҳаи пайванди ҷигар, кардиоҷарроҳӣ, генетика, амрози занона ба ҳайси коромўз дар шаҳри Шероз ба тариқи ройгон фаро гирифта шуданд.
Маркази илмии тадқиқотии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди саноати дорусозӣ дар якҷоягӣ бо дўстони эронӣ ҳамкориро дар самти омўзиши гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли равғанҳои эфирӣ аз гиёҳхои шифобахш, инчунин истеҳсоли сузандоруи якмасрафа ба роҳ мондааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона 120 миллион сўзандору дар як сол буда, пурра талаботи кишварро таъмин менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






