Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Муъминобод

Август 20, 2015 05:24

  Муъминобод, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон  Холов)- Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунармандони мардумӣ зиёданд ва аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Хусусан дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод ба ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хоса зоҳир гардида,барои рушди он бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ ҳунармандонро дастгирӣ менамоянд. Қисми зиёди ҳунармандони ноҳия аз грантҳои президентӣ бархурдор гардид, доираи фаъолияти худро васеъ намудаанд.
Сайёра Абдуллоева ҳанӯз аз хурдсолӣ ба дӯхтану омода кардани либосхои миллӣ машғул буд. Ҳоло ин зани ботаҷриба духтани чаканию қуроқӣ, порадӯзию қаламарезгиро бо маҳорати баланд иҷро мекунад ва махсулоташ харидори зиёд низ дорад. Ба гуфтаи Сайёра ҳунарҳои дастиаш дар хориҷи кишвар низ харидор ёфтааст.
Офаридаҳояш аз ҳамдигар зеботар буда, бозгӯй фарҳангу таҷассуми маданияти миллӣ мебошанд. Ҳамчунин ӯ ҷавондухтаронро ба омӯзиши касби дӯзандагӣ низ ҷалб кардааст. 

Август 20, 2015 05:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст