Семинар-машваратҳо дар соҳаи китобдорӣ
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва «Дар бораи иттилоотонӣ» бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи китобдорӣ ва истифодаи он дар кори рӯзмарра, баррасӣ намудани масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ дар як қатор китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳоро ба нақша гирифтааст.
То ба имрўз маъмурон дар як қатор китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияҳои Данғара, Ҳисор, Рўдакӣ, Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритус, Файзобод, шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Турсунзода, Қурғонтеппа, Кўлоб, Панҷакент, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон,Тошхўҷа Асирии вилояти Суғд, Садриддин Айнии вилояти Хатлон (ш. Кўлоб) семинар-машваратҳо анҷом дода, барои созишномаҳо ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки семинар-машваратҳо аз 19-ум то 21-уми августи соли равон дар китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз он ҷумла, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби кормандони КДПТ баргузор мегарданд.
Кормандони КДПТ кӯшанд дар баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, тарғибу ташвиқ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






