Семинари омўзишӣ дар мавзўи «Истифодаи ҳамгироёнаи об»
Душанбе, 22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар маҷлигоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода семинари омўзишӣ дар мавзўи «Истифодаи ҳамгироёнаи об» баргузор гардид.
Чорабиниро намояндаи Барномаи ҳифзи муҳити зисти Бюрои Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Фирўза Ҳоҷиева оғоз намуда, мундариҷа ва ҳадафи амалишавии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастрасии маълумот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрас будани адолати судӣ вобаста ба масъалаҳои муҳити зист, аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокиро ба самъи иштирокдорон расонид.
Сипас, мувофиқи тартиби кори семинар сардори Маркази захиравии орхус дар Душанбе Сулҳия Содиқова дар мавзўи «Натиҷаҳои татбиқи 10- солаи байналмилалии амалиёти «Об- барои ҳаёт», солҳои 2005- 2015; сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулайхо Мисоқова дар мавзўи «Ҳифзи захираҳои об ва истифодаи ҳамгироёнаи он»; сардабири нашрияи соҳавии «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Ёқубов дар мавзўи «Инъикоси проблемаҳои марбут ба об дар воситаҳои ахбори омма»; корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Мунаввара Саидова дар мавзўи «Истифода ва ҳифзи захираҳои об дар шаҳри Турсунзода»; корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тимур Назаров дар мавзўи «Мақоми ҷамоатчигӣ дар беҳтаркунии истифодаи об ва иштирок дар раванди қабули қарорҳо» суханронӣ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






