Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар ҷаласаи шаҳри Душанбе беш аз 30 масъаларо баррасӣ менамоянд
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар») .- Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 30 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, беш аз 30 масъала баррасӣ хоҳад шуд.
Тавре Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба хабарнигори БЕЛТА иттилоъ дод, аз ҷумла, иштирокчиёни ҷаласа рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, татбиқи созишнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ, фаъолияти мақомоти махсус дар соҳаи иқтисодиёт, тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ-ро муҳокима менамоянд .
Дар назар аст, ки барои баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (дар Остона 16-уми октябр баргузор мешавад) бахшида ба санаҳои муҳими дарпешистода — 70-солагии таъсисёбии СММ ва 30-умин солгарди садамаи Нерӯгоҳи барқии Чернобил ҳуҷҷатҳо омода мешаванд. Илова бар ин, сарони давлатҳо ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, фарҳанг, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи сарҳад ва масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиро қабул менамоянд.
Қисми ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 25-солагии ИДМ, рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон ва тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар дурнамои кӯтоҳмуддат, инчунин фаъолияти Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ ва масоили ташкил ва фаъолияти ташкилотҳои асосии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро муҳокима менамоянд.
Барои таҷлили 25-умин солгарди ИДМ Сергей Лебедев иброз намуд, ки нақшаи чорабиниҳо омода шудаанд ва бояд онҳоро роҳбарони ҳукуматҳо тасдиқ намоянд. Ин чорабиниҳо ҷаласаҳои якҷоя, конфронсҳо , форумҳои бахшида ба солгардро дар бар хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






