Шиносоии М. Ҷабборӣ бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор

Август 10, 2015 11:35

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ  дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни сафар ба ин ноҳия аз рафти  сохтмон, таҷдид ва навсозии варзишгоҳи марказӣ, китобхонаю осорхона, қасри фарҳанг, мактаби президентӣ ва мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дидан карда барои дар мўҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ аъзои кумитаи тадорукот ва дигар масъулони дахлдорро вазифадор намуд.
Дар  идомаи  боздид  Марҳабо  Ҷабборӣ  бо  ҷараёни  омодасозии барномаҳои  мукаммали   фарҳангӣ  ба  истиқболи  ҷашни  3000-солагии Ҳисор  дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои фарҳангии ноҳия  шинос шуд.

 

Август 10, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш