Шиносоии Сарвазир бо корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа шинос шуд.
Рафти бунёди қитъаи ин роҳи муҳим дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамарўза барои саривақт ба анҷом расонидани татбиқи ин лоиҳаи дорои аҳамияти муҳим аз ҷониби мутахассисону роҳсозон талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад.
Хотиррасон бояд кард, ки дарозии ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, панҷ пул ва се нақби бузургро дар бар мегирад.
Сарвазири мамлакат дар маҳали бунёди нақбҳои асосии бузург ва пулҳо бевосита бо ҷараёни корҳои нақбсозию бунёди пулҳо шинос шуда ҷараёни корҳои асосиро дар ин иншоот қаноатбахш арзёбӣ кард.
Тавре таъкид шуд, то имрўз лоиҳаи кории нақбҳо аз ташхиси давлатӣ гузашта лоиҳаи пулҳои ин қитъаи роҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар нақбҳои якум, дуюм ва сеюми лоиҳа мутаносибан дар масофаҳои 422, 173 ва 123 метр нақб омода шуда, рўзҳои наздик бунёди кўпрукҳо низ оғоз карда мешавад.
Дар айни замон, дар бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон корҳо дар ду баст ба роҳ монда шуда, 406 нафар ба корҳои бунёди роҳ ва нақбу пулҳо ҷалб гаридаанд. Шумораи мошину механизмҳо 155 ададро ташкил медиҳанд ва баробари шуруъи корҳои заминӣ дар бунёди пулҳои асосии лоиҳа миқдори мошину механизмҳои корӣ афзун карда мешавад. Бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат –Ёвон ҳамкории фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанӣ ва ширкату иттиҳодияҳои роҳсоз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда дар корҳои бунёди роҳи оҳан зиёда аз 10 ширкату ташкилоти сохтмонии ватанию хориҷӣ магшғули кор мебошанд. Рафти шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар ситоди сайёри корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод роҳбарони вазорати нақлиёт, роҳи оҳани Тоҷикистон, дигар масъулони соҳа ва роҳсозону мутахассион барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои бунёди роҳ вазифадор карда шуданд.
Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи криоллит ва алюминийи фтордор шинос шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






