Шуъбаи нави АНМН дар ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ноҳияи Ҷиргатол 12 август маросими кушода шудани Шуъбаи нави Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он Директори агентӣ генерал-лейтенати милитсия Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиот, Раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷа Зойир, намондагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия иштирок намуданд.
Шуъба бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Шуъбаи нави агентӣ бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон сохта шуд.
Директори агентӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон санади қабули биноро имзо намуданд. Меҳмонон бинои нави Шуъбаро аз назар гузарониданд. Шуъбаи нави агентӣ дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, таъмини барқ ва системаи гармидиҳӣ мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






