Си фоизи вазифаҳои роҳбарикунандаро бонувон ба ӯҳда доранд

Август 10, 2015 06:11

         Душанбе, 10.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи ду соли охир беш аз 600 нафар занону бонувони лаёқатманди  роҳбар ва хизматчиёни давлатии дар захираи кадрҳобуда ба курсҳои азнавтайркунӣ ва такмили ихтисос ҷалб гардида, онҳоро хатм кардаанд. 
       Курсҳои мазкур аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ташкил шудаанд.
        Ҳамчунин, дар тӯли ду соли охир 9 курси такмили ихтисос аз рӯи барномаҳои «Менеҷменти давлатӣ», «Зан-роҳбар», «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Одоби муоширати расмӣ» барои баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаи касбии занону бонувон доир гардид.  
      Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа андешида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки алҳол 30 фоизи  вазифаҳои роҳбарикунандаро дар кишвар занон ба ӯҳда доранд.

 

Август 10, 2015 06:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст