Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Август 5, 2015 05:18

Душанбе, 05.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ замони ӯ  ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» таҳти чунин сарлавҳа 5-6 сентябри соли равон ба ифтихори 700 -солагии мутафаккири бузурги Шарқ дар Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад. 
  Дар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.
         Бино ба иттилои  Аскаралӣ Раҷабов -котиби масъули баргузории симпозиуми мазкур ба ифтихори ҷашни 700 -солагии  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 сентябр дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, интизор аст, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намояд.  
     6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ  дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки дар ин шаҳр воқеъ аст зиёрат намуда,  ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо хоҳанд кард. 
  Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд мебошад. 
   

 

Август 5, 2015 05:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст