Суғд: гранти вилоятӣ барои 30 нафар занони ҳунарманд
Суғд,07.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз, 7 август дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба 30 нафар бонувоне, ки дар озмун барои гирифтани гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2015 ғолиб гардидаанд, грантҳо дар доираи аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 200 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими тақдими грантҳо занҳои ҳунарманд аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки соли равон барои дарёфти гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 50 нафар занон лоиҳаҳои худро ба ҳайати комиссия пешниҳод намуданд, ки аз онҳо танҳо 30 лоиҳа дастгирӣ ёфт.
Тавре масъулин аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён доштанд, ҳадафи ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ мебошад.
Танҳо як лоиҳа барои коркарди меваҳ ва як лоиҳаи дигар барои ташкили гармхонаи гулпарварӣ буд. Амалишавии тамоми лоиҳаҳои дастгирӣ шуда, имкон медиҳад, ки беш аз 350 нафар бо ҷои кор таъмин гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






